Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ
Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 69 Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», зикр гардидаанд, инчунин иҷрои банди 6-уми Протоколи назоратии назди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2026, №2-01 ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва корфармоён аз ҷониби сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират Сайдаҳмадзода Тоҷиддин Сайдаҳмад ва мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлати дар соҳаи меҳнат Маҳмадуллозода Амрулло Раҳматулло ва Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Раҳматзода Муҳаммадамин дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо иштироки доираи васеъи роҳбарон ва шахсони масъули ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия новобаста аз шакли моликият ҷиҳати риоя гардидани талаботи қонунгузории меҳнат, аз ҷумла роҳбарият, намояндагони хадамоти кадрӣ, муҳосибон, муҳандисони техникаи бехатарӣ, дигар шахсони масъул корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбат асосан доир ба масъалаи сари вақт ва дар муҳлати тибқи қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт намудани музди меҳнати кормандон, роҳ надодан ба пайдоиши қарздории музди меҳнат, бастани шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва кормандон, бастани шартномаи колективӣ, риоя гардидани реҷаи корӣ, изофакорӣ кори шабона ва кор дар рузҳои истироҳат ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷӯхи хосса зиҳир карда шуд.
Ҳангоми вохӯрӣ ба масъулин таъкид карда шуд, ки нисбат ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дар корхонаҳои хусусӣ хавфи риоя нагардидани талаботи қонунгузории меҳнат ҷой дорад.
Ишора гардид, ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар самти ҳуҷҷатгузории кадрӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳои меҳнатӣ байни корфармо ва кормандон, баҳисобгирии дақиқи вақти корӣ, ба расмиятдарории фармоишҳои ҳайати кадрӣ, аз ҷумла қабул ба кор, аз кор озод, рухсатиҳои меҳнатӣ ва ғайра, бастани шартномаи колективӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, таъмини сару либоси кории махсус, тоскулоҳ, миёнбанди муҳофизатӣ ва ва дигар камбудиҳо ба назар мерасад.
Дар чорабинии мазкур вобаста ба титбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуда, дар охири чорабини саволу ҷавоби озоддоир гардида аз ҷониби масъулини ташкилоту муассисаҳо барои ташкили чунин чорабинӣ изҳори минадорӣ баён карда шуд.
Илова бар ин, роҳбарияти ноҳияи мазкур ҷиҳати гузаронидани чорабинӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва корфармоён аз роҳбарияти Хадамот ва кормандони он изҳори минатдорӣ намуда, изҳор намуданд, ки дар оянда низ барои гузаронидани чунин чорабиниҳо ҳамкориҳои худро бо хадамот тақвият мебахшанд.
Дар рафти вохурӣ аз ҷониби кормандони Хадамот ба масъулин тавсия дода шуд, ки ҳангоми дучор гардидан бо мушкилоти муносибатҳои меҳнатӣ метавонанд ба унвонии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.
Бояд қайд намуд, ки Хадамот ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самтҳои муҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳамзамон дар татбиқи яхелаи қонунгузории соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дастгирии ҳуқуқҳои кормандону корфармониён, инчунин барои амалӣ намудани корҳои машваратӣ, додани тавсияҳои методӣ ва расонидани ёрии амалӣ омодагии худро иброз медорад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ














