Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
1.Сармутахассиси бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт -1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
— таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиносӣ, ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 2641 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон-1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
— таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;
— 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 солсобиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 2265 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
— ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида, варақаи шахсии баисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад), маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ, нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад, нусхаи шиноснома, маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ), нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз рӯзи эълони расмии озмун дар муҳлати то 21 рӯз қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 71,
индекс: 7350352, 231-47-71