Таъминии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат кафили самаранокӣ ва рушди истеҳсолот дар ташкилоту корхонаҳо

“Ҳифзи меҳнат ва таъмини шароити бехатари кор барои ҳар як корманд аз вазифаҳои муҳими давлат ва корфармоён мебошад. Ҳаёт ва саломатии инсон арзиши олӣ буда, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҷои кор бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад. Баланд бардоштани фарҳанги меҳнат, риояи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон барои рушди устувори ҷомеа аҳамияти калон дорад.”

                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон.

        Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз масоили муҳим дар қонунгузории соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, дар қонунгузории мазкур роҳу усулҳои танзим ва таъмини ин ду масъалаи муҳим ба таври мушаххас пешбинӣ гардидаанд. Бо назардошти ин, бо мақсади дар сатҳи дахлдор таъмин  ва татбиқ гардидани талаботи қонунгузорӣ, дар қонунгузории соҳаи меҳнат ҳам назорати ҷамъиятӣ ва ҳам назорати давлатии риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пешбинӣ гардида, барои татбиқи ҳамсони қонунгузории соҳаи меҳнат ва иҷрои саривақтии талаботи он мусоидат менамояд. Ҷиҳати дар сатҳи дахлдор таъмин намудани бехатарии меҳнат, муҳайё намудани шароити бехатари меҳнат, таъмини солимии кормандон ва таъмини ҳуқуқу кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбат ба кормандон дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад дар ба амал баровардани назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат, риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат ба иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ дода шудааст, ки ҷамъият таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд. Нозирон ва шахсони ваколатдори иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон оид ба ҳифзи меҳнат  дар андешидани тадбирҳо оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат пурра тавзеҳи худро ёфтаанд. Дар қисми 3 моддаи 357 Кодекси меҳнат мурқаррар гардидааст, ки иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд бемамониат риояи талаботи ҳифзи меҳнатро дар ташкилоту корхонаҳоро мавриди санҷиш қарор диҳанд, ба шахсони мансабдор дар хусуси баррасии ҳатмии масъала ва бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда таклиф пешниҳод намоянд. Ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат иттифоқи касаба ва намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд аз ҷониби корфармоён риоя гардидани қонунгузории ҳифзи меҳнатро назорат намоянд, экспертизаи мустақилонаи шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд, дар тафтиши ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ иштирок намоянд ва мустақилона онҳоро тафтиш намоянд, дар ҳолатҳои ба ҳайёту саломатии кормандон таҳдид намудани хатар корҳоро боз доранд, инчунин ба шахсони мансабдор барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда таклифи ҳатмӣ пешниҳод намоянд.

Саривақт ва дуруст амалӣ намудани назорати ҷамъиятии риояи талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ заминаи асосӣ барои татбиқи талаботи қонунгузорӣ ва таъмини ҳуқуқу кафолатҳо нисбати кормандон мебошад.

Моддаи 344 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат-ро муқаррар намудааст. Мутобиқи сархати 2 моддаи мазкур давлат ҷиҳати таъмини ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат, таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнатро, ки ба беҳтар кардани шароити меҳнат ва баҳри таъмини пурраи бехатарии истеҳсолот нигаронида шудааст, кафолат медиҳад. Давлат барои корфармоёне, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнатро вайрон мекунанд ҷавобгарии моддӣ муқаррар намудааст. Ин муқаррарот эътибори махсуси давлат нисбат ба таъмин гардидани ҳуқуқу кафолатҳо нисбати шаҳрвандони ба муносибатҳои меҳнатӣ ҷалбгардида ба шумор меравад. Илова бар ин,  ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат ва ҳифзи он, маблағгузорӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён, пардохтҳои озодонаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад, ки ин муқаррароти қонунгузорӣ низ барои ба вуҷуд овардани фазои бехатар ва солими меҳнат гигаронида шуда, аз муҳим будани сатҳи таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки илова ба назорати ҷамъиятии риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат дар моддаи 361 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат пешбинӣ гардидааст, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатии ваколатдор бо тартиби пешбининамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

     Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон як фасл, 5 боб ва 32 моддаи он ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат бахшида шуда, масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар Кодекси меҳнат пурра ва ба таври мушаххас танзими худро ёфтаанд.  Масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар Кодекси мазкур мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ  ва замони муосир танзим гардида, ҷавобгӯи талаботи сатҳи таъмини ҳуқуқу кафолатҳо нисбати шаҳрвандони ба муносибатҳи меҳнатӣ ҷалбгардида мебошад.

Дар Кодекси меҳнат, мушаххасан дар фасли 1, боби 1, моддаи 1 Кодекси мазкур маҳфумҳои асосӣ муқаррар гардида, мафҳумҳои «бехатарии меҳнат» ва «ҳифзи меҳнат» дар алоҳидагӣ маънидод гардидаанд. Тибқи  сархати 7 моддаи 1 Кодекси меҳнат, бехатарии меҳнат- маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки барои таъмини ҳифзи кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равона шуда, таъсири омилҳои хатарнок ва зарарноки истеҳсолиро истисно мекунад. Яъне, низом ва талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармо ва кормандони масъули корхона бояд таъмин карда шавад.

Ҳифзи меҳнат бошад, мутобиқи муқаррароти сархати 64 моддаи зикргардида – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ буда, меъёрҳои он дар Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки тибқи онҳо бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории кормандонро дар раванди фаъолияти меҳнатӣ таъмин мекунанд. Ба низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи қоидаю тартиб, дастурамал, талабот ба воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили меҳнат, ки ба ҳамаи кормандон шароити бехатар ва солими меҳнатро кафолат медиҳанд, инчунин ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дохил мешаванд.

Ташкили ҳифзи меҳнат, пеш аз ҳама идоракунии давлатии ҳифзи меҳнатро дар бар мегирад. Аз ин бармеояд, ки бо мақсади таъмини низоми чорабиниҳои ҳифзи меҳнат, аз ҷониби корфармо дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани маҷмуи чорабиниҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият роҳу воситаи асосӣ барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат барои кормандон мебошад.

Талаботи ҳифзи меҳнат бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Корфармо уҳдадор аст, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнати ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯйро муҳайё намояд (м. 331, КМҶТ).

Ҳифзи меҳнат ба маънои дигар бошад, яке аз институтҳои ҳуқуқии меҳнат фаҳмида шуда, меъёрҳоеро   дар худ таҷассум мекунад, ки  бевосита ба таъмини ҳуқуқу кафолатҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва таъмини шароитҳои бехатар ва солими меҳнати кормандон нигарондонида шудаанд.

Асосан бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ин низом ва маҷмӯи чорабиниҳои бо қонунгузорӣ муқарраршудае мебошанд, ки риоя ва иҷрои он аз тарафи  корфармоён ҳатмӣ буда, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти кормандонро дар раванди меҳнат ва фаъолият таъмин менамояд.

Ба қатори чунин чорабиниҳо аз ҷониби корфармо дар мутобиқат ба талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат таҳия ва ба тавсиб расонидани Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии корхона, таҳия ва ба тавсиб расонидани шартномаи коллективӣ, дар мутобиқат ба талаботи қонунгузорӣ бастани шартномаи меҳнатӣ ва созишномаҳо, дар асоси талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат муқаррар намудани ҳуқуқу кафолатҳои иловагӣ, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидааст, инчунин, таъмини ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат, додани имтиёз ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки шароити меҳнаташон зарарнок аст, гузаронидани муоинаи тиббӣ, таъмини хуроки табобатию   пешгирикунандаи омилҳои зараррасон, таъмини кормандон бо либоси махсус тибқи меъёрҳои муқарраршуда, додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор, хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии кормандон, аломатгузорӣ дар раванди фаъолияти сохтмонӣ, додани имтиёзҳо ва иловапулиҳо барои шароити зарарноки меҳнат, дар умум муҳаё намудани шароити бехатари меҳнат ба ҳисоб меравад, ки таъмин ва амалисозии онҳо ҳамчун кафолати ҳамкории иҷтимоии корфармоён ва кормандон дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва таъмини ҳуқуқу кафолатҳо ҳисобида мешавад. Шароити меҳнат ва муҳити бехатари меҳнатӣ барои ҳар як корманд хеле зарур мебошад, зеро тибқи таҳлили мутахассисони соҳа аз се як ҳиссаи умри корманд дар ин муҳит мегузарад.

Қаблан бинобар набудани низоми муайян бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат шумораи ҳолатҳои фавт ва ҷароҳатбардорӣ дар ҷойҳои корӣ зиёд ба назар мерасид.

Соли 1989 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Канада ба хотири онҳое, ки дар ҷойи кор ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ зарар диданд ё фавтидаанд бо ташаббуси  иттифоқҳои касаба ва коргарон «Рӯзи хотираи коргарони фавтида» гузаронида шуда, маҳз ҳамин ташаббус асос ва ибтидо гардид, ки рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат дар саро сари ҷаҳон қайд карда шавад.

Ташаббуси кормандон ва иттифоқҳои касабаи зикргардида, аз ҷониби дигар корфармоён ва кормадон дастгирӣ ёфта,  пас аз даҳ сол дар 100 давлати сайёра чорабиниҳои таблиғотӣ бо таваҷҷуҳи одамони зиёд ва ҷалби шахсони мансабдор ташкил карда шуданд.

Иқдоми ташкилоти иттифоқи касаба ва кормандони ташкилотҳои ташаббускор замина гардида,  аз ҷониби  Созмони байналмилалии меҳнат соли 2003 санаи 28 апрел ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат» эълон гардида, ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад.

Мутаасифона, тибқи маълумоти созмони байналмилалии меҳнат ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ зиёда аз 2 миллион коргар ҳалок мегардад, ки ин масъала боиси ташвиши СБМ ва дигар созмонҳои дахлдори ҷаҳонӣ гардидааст.

Аз соли 2003 ин ҷониб СБМ 28 апрелро ҳамчун рӯзи байналмилалӣ, инчунин, воситаи  коҳиш додани садамаҳо ва ҷароҳатбардорӣ дар ҷои кор, ҳамчун як омили таъсиррасонӣ ба масъалаи мазкур арзёбӣ намуда, ба таври дастаҷамъона қайд карда мешавад.

Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки бояд мунтазам мавриди назорату таваҷҷуҳи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ қарор дошта бошад. Ба масъалаи ҳифзи меҳнат ҳамеша таваҷҷуҳи роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар шакли таъкидҳои қатъӣ зоҳир мегардад.

Ҳануз аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз вазъи иҷтимоии аҳолӣ, сатҳи ба шуғли самаранок таъмин намудани аҳолӣ, шуғли арзанда,  музди меҳнати арзанда, меҳнати бехатар, шароити мусоиди меҳнат ва таъмини шароити бехатарии шаҳрвандони ба шуғл фарогирфташуда ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Таъмини аҳолӣ ба шуғли арзанда, таъмини музди меҳнат, муҳайё намудани шароити бехатари меҳнат, таъмини пардохти саривақтии музди меҳнат, ҳифзи меҳнати кормандон ҳамчун Сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки инро тавҷҷуҳи мунтазам ва назорати доимӣ ва пайвастаи Ҳукумати ҶТ, инчунин, сатҳи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз собит менамояд.

Муносибати усулӣ ба масъалаҳои вобаста ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун давлати риоякунандаи меъёрҳои демократӣ оид ба меҳнат, шарикии иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар падидаҳои ба сиёсати иҷтимоӣ алоқаманд, эътироф намудааст.

Инро хулосаҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат, ки тайи чанд соли охир бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дорад, собит менамоянд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ махсусан, санаҳои байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Аз ҷумла, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат, яке аз чунин санаҳо ба шумор рафта, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод ин санаро аз соли 1989 инҷониб Рӯзи хотираи фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон қайд менамояд.

Бояд дарк намуд, ки таҳияи ҳамагуна санади меърии ҳуқуқӣ, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, танҳо ва танҳо ба хотири таъмини ҳуқуқу кафолатҳо нисбати шаҳрвандон таҳия гардида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон, беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, таъмини шуғли арзанда, музди меҳнат, таъмини ҳуқуқу кафолатҳо нисбати шаҳрвандон равона гардидааст. Риояи ҳамаҷониба ва бечунучарои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва ғайрисоҳавӣ метавонад кафили таъмини ҳуқуқу кафолатҳо ва рушди устувори сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дар алоҳидагӣ ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ гардад.

Оромӣ, амният, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди илму маърифат ва ноил гаштан ба дастовардҳои илмию тадқиқотии  ҷаҳони   муосир, таъмини аҳолӣ ба шуғли арзанда, аз риоя ва татбиқи талаботи қонунҳои амалкунанда вобастагии калон дорад.

Дар баробари  қонунгузории соҳаи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ  як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба тасвиб расидаанд, ки бо мақсади беҳтар кардани шароити меҳнати кормандон  ва таъмини  ҳуқуқу кафолатҳои иловагӣ барои онҳо таҳия карда шудаанд, аз ҷумла;

– аз 2-юми марти соли 2013, №86 “Дар бораи Таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

–  аз 4-уми марти соли 2014, №169 “Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд ичозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо”;

– аз 3-юми июли соли 2014, №429 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯйи шароити меҳнат”;

– аз 5-уми июли соли 2014, № 462 “Дар бораи Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ”;

– аз 6-уми сентябри соли 2014, №592 “Дар бораи Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо”;

– аз 21-уми октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби  корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон”;

—  аз 27 августи соли 2020, №458 «Дар бораи Тартиби муайян намудани музди меҳнати баланд барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок»;

—  аз 27 августи соли 2020, №460 «Дар бораи шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулҳо барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ»;

—  аз 31 декабри соли 2002, №521 «Дар бораи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад»

— аз 3 майи соли 2014, №303 «Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ»;

— аз 12 январи соли 1996, №36 «Дар бораи аз ҳодисаҳои фалокатовар ҳатман суғуртаи давлатӣ кардани заҳматкашоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хеле хавфнок кор мекунанд»;

-аз 14 октябри соли 2014, №630 «дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ»;

-27 феврали соли 2021, №55 «Дар бораи андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ ё иҷрои уҳдадориҳои корманди муваққатан ба кор ҳозирнабуда барои  ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда» ва ғайраҳо мебошанд.

Татбиқи принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талабот ба воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили меҳнат, ки ба ҳамаи кормандон шароити бехатар ва солими меҳнатро кафолат медиҳанд, ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат мебошад.(м 327 КМҶТ)

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи меъёр ва тартиби ҳифзи меҳнат аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, нозирон  ва шахсони ваколатдор оид ба ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба ва ғайра амалӣ мегардад.

Барои дар амал татбиқ намудани талаботи муқарраршуда ва риояи талаботи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардидаанд, аз ҷумла Кодекси меҳнат ва дар заминаи он 22 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мавриди амал қарор дорад.

Назорати доимӣ ва омӯзиши масъалаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат собит намуд, ки омилҳои зерин метавонанд ба таъмин нагардидани бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мусоидат намоянд;

— аз ҷониби масъулин риоя накардани талаботи  ССБМ ГОСТ -12.004.2015

— таъмин нагардидани бехатарӣ ва назорати ҳатмии муқарраршуда ҳангоми иҷрои корҳо,

— ба роҳ намондани назорати  таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳифозати инфиродӣ аз ҷониби масъулин,

— риоя накардани меъёри вақти корӣ ва истироҳати кормандон,

— ба роҳ намондани омӯзиши усулҳои бехатарии иҷрои корҳо ва санҷиши дониши кормандон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат,

— саривақт нагузаронидани чорабиниҳо оид ба риоя ва амалӣ намудани талабот оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат,

— дар сметаҳои хароҷотӣ пешбинӣ накардани маблағҳои зарурӣ барои ташкили чорабиниҳо ва таъмини бехатари ва ҳифзи меҳнат,

— номутобиқатии ихтисоси масъулини ҳифзи меҳнати баъзе аз ташкилоту корхонаҳо.

Ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон дар Кодекси меҳнат (м. 355) муқарар гардидааст, ки ҳангоми аз 50 нафар зиёд будани шумораи кормандон Хадамоти (Раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат таъсис дода мешавад. Муқаррароти мазкур бо мақсади таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон, инчунин, ба хотири таъмини ҳуқуқу кафолатҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат пешбинӣ гардидааст, ки риоя ва татбиқи он  самаранокӣ ва рушди соҳаро таъмин менамояд.

Дар умум, ҳамаи чораҳои гузаронидашаванда бояд бо риояи қоида, меъёр ва дастурҳо оид ба таъмини бехатарии меҳнати кормандон равона карда шуда, ҳолатҳои расонидани зарарро ба саломатии кормандон  пешгирӣ намояд.

Барои пешбурди кор дар масъалаи ҳифзи меҳнат гузаронидани рӯз, ҳафта, даҳаи ҳифзи меҳнат, аз ҷумла, дар раванди онҳо ташкили озмуни гӯшаи беҳтарини ҳифзи меҳнат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам бобати ҳифзи меҳнат, ташкили машғулиятҳои расонидани ёрии табобатӣ ҳангоми ҳодисаи нохуш, таҳияи гушаҳои деворӣ ва варақаҳои тарғиботӣ, ташкили дастурдиҳиҳои бехатарию ҳифзи меҳнат ва қайд ба дафтарҳои дастурдиҳӣ, мизҳои мудаввару семинарҳои омӯзишӣ оид ба беҳтар кардани шароити меҳнати кормандон, гузаронидани суҳбату машғулиятҳои мавзӯӣ оид ба ҳифзи меҳнат,  санҷиши байниҳамдигарии ҳолати ҳуҷҷатнигорӣ ва монанди инҳо аз аҳамият холӣ нест.

Ин тадбирҳо, агар аз як тараф, таваҷҷуҳи корфармоёнро ба ҳифзи меҳнат ҷалб намояд ва аз тарафи дигар, бобати танзими ҳуҷҷатнигорӣ ва фаъолият дар  ин самт мусоидат менамоянд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи мо дар ҷойҳои кории худ бояд кӯшишу заҳматамонро барои беҳбудии шароити кори кормандон, меҳнати сазовор ва бехатар, ташкили муҳити безарари истеҳсолӣ равона намоем. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дуруст ба роҳ мондани низоми бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҳаётан муҳим буда, ба пешгирии ҳодисаҳои нохӯши истеҳсолӣ бемориҳои касбӣ ва ҳама гуна хатарҳои истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

      Сардори Хадамоти назорати далатӣ дар

      соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 

      Маҳмадзода Сафарали Маҳмад.

 

Яндекс.Метрика