АЗ СУЛҲ ТО СОЗАНДАГӢ: ДУШАНБЕ ДАР МАСИРИ РУШД
Дар ҳама давру замон пойтахт нишони давлатдорӣ, тамаддун, фарҳанг, истиқлолу соҳибихтиёрӣ маҳсуб меёбад. Пойтахт инъикосгари тавон ва ҳунару фарҳанги ҳар як миллат буда, имконият ва симои ӯро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Барои ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки ба пойтахт ворид мешавад ошкор мегардад, ки миллати мизбон ба чи қодир асту чи гуна сатҳи зиндагӣ ва рафтору кирдор дорад. Пойтахт дар маҷмуъ, дирӯз, имрӯз ва фардои миллату давлатории онро ба таври мушаххас инъикос менамояд. Миллати тоҷик маҳз бо рисолати созандагӣ ва бунёдкорӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштааст. Вақте ба таърихи тамаддуни минтақа, махсусан унсури меҳварии он шаҳрҳо назар меафканем, маълум мегардад, ки дар саргаҳи бунёди шаҳрҳо ва дигар аносири фарҳанг тоҷикон қарор доштанд. Бузургтарин шаҳрҳо, ки марказҳои тамаддун, тиҷорат ва илму ҳунар маҳсуб меёфтанд, аз ҷониби аҷдоди тоҷикон бунёд карда шудаанд.
Душанбе – нишони мутамаддин будани миллати тоҷик
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ симои аслии тоҷиконро ҳамчун меросбари шоистаи тамаддуни ориёӣ эътироф намоянд. Тавассути бунёди шаҳрҳо ва марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ ва тиҷорӣ дар муддати кутоҳи истиқлоли давлатӣ бори дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ пай бурд, ки тоҷикон миллати мутамаддин ва шаҳрсозу шаҳрнишин мебошанд. Албатта дар минтақаи кӯҳистон бунёди шаҳр кори саҳлу содда нест, вале тоҷик таҳти роҳбари хирадманду дурандеш ва собитқадами хеш тавонист тамоми сангарҳоро баратарф намуда, шаҳрҳои ҷавобгӯ ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ созгор бунёд созад. Махсусан, пойтахти давлати навини тоҷикон – Душанбешаҳр, ки дар муддати кутоҳтарин симояшро пурра дигар намуд, далели раднопазири миллати мутамаддин ва шаҳрсозу шаҳрнишин будани тоҷикон мебошад.
Душанбе дар замони шуравӣ дар заминаи як деҳаи назарногир ба вуҷуд омада, ҳамчун маркази давлатӣ ташаккул ёфт. Вақте ба таърихи ташаккул ва рушди Душанбе назар меафканем, маълум мегардад, ки марҳалаи асосии рушд ва инкишофи пойтахт ба замони истиқлоли давлатӣ, махсусан даҳ соли охир рост меояд. Мутаассифона дар замони аввали истиқлоли давлатӣ бо сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пойтахти кишвар зарари ҷиддӣ дида, аксар дастовардҳои давраи шуравӣ аз байн рафт. Акнун ҷанги бародаркуш сабаб шуда буд, ки маркази давлат ба моҷарои нагнин гирифтор шавад. Душанбе дар сархати ахбори сиёсии ҷаҳонӣ қарор гирифта буд. Шаҳрвандон аксаран ноумед шуда, макони зисти худро тарк намуданд. Таҳдидҳо, бесарусомонӣ ва бесуботӣ сабаби дар ҳоли мураккаб қарор гирифтани Душанбешаҳр шуда буд. Бахти миллати тоҷик омад карду зимоми давлатдориро фарзанди баруманди миллат, меросбари тавоно ва шоистаи Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд. Тақдири миллати куҳан ва тамаддунофарро дар чунин лаҳзаи бисёр мураккабу сарнавиштсоз ба даст гирифтан басо вазин буд. Вале Пешвои миллат бо ҷасорати фавқулоддаи хеш баҳри ҳифзи истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва бақои миллат бархосту ба Ватан сулҳу субот ва ба миллат зиндагии шоиста овард. Маҳз ҷасорату мардумӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки тоҷикон ба ваҳдату ягонагӣ расида, хатарҳои нестшавии миллат ва давлати навбаистиқлолрасида бартараф карда шуд.
Рушди Душанбе дар партави ваҳдати миллӣ
Дар фазои сулу субот Душанбе яке аз шаҳрҳои амнтарин дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Дар кӯтоҳтарин муддат Душанбе ба шаҳри сулҳу субот мубаддал гардид. Ҳамин буд, ки бо қарори ЮНЕСКО моҳи авгус¬ти соли 2004 барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳамарӯза Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷои¬заи дараҷаи якуми «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002-2003 сазовор гардид. Ҳамчунин, суботи сиёсӣ ва сулҳи пойдори пойтахти кишварро ба эътибор гирифта, соли 2012 Душанбе ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО сазовор гардид ва ба феҳристи беҳтарин шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон ворид карда шуд.
Шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон, ба монанди Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек дар озмуни ҷаҳонӣ ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд.
Имрӯзҳо ҳазорон шаҳрвандони хориҷӣ ба пойтахт ворид шуда, бо боварии хос аз зебогиҳо ва таҳаввулоти он баҳравар мешаванд. Дар муддати хеле кутоҳ рушд намудани шаҳри Душанбе гувоҳи тавонмандии миллати тоҷик дар масири шаҳрсозӣ ва марказҳои мутамаддин мебошад. Махсусан, дар замони шаҳрдории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар куллан симояшро тағйир дода, ба маркази имкониятҳо табдил ёфтааст. Бо ташаббуси шаҳрдори муваффақу хирадманд Душанбе ба хонаи умеду орзуи тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт. Дар Душанбе калонтарин биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва фарҳангӣ бо истифода аз санъати меъмории ниёгон сохта ба истифода дода шудистодаанд. Биноҳои муҳаташаме ба монанди Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Маҷлиси Олӣ, Маҷмааи Истиқлол, Қасри тенис ва монанди ин инъикосгари санъати меъморӣ ва ҳунари волои тоҷикон ба шумор меравад. Имрӯз боғҳои фарҳангӣ – фароғатии «Ҷавонон», «Кӯли ҷавонон», «Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ», «Куруши Кабир», «Аҳмади Дониш», «Садриддин Айнӣ», «Умари Хайём» ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе саропо зебову гулрез гардида, макони сайёҳӣ ва фароғативу фарҳангии сокинони мамлакат гардидааст. Боғи «Ғалаба», беҳтарин саҳни мушоҳида дар Душанбе аст, ки дар қисми кӯҳии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.
Шаҳри Душанбе имрӯз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, ки воқеан ҳамчун падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории мо машҳури дунё мегардад. Акнун пойтахти кишвар ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавӣ ва пешрафтаи ҷаҳон ва макони дилфиреби сокинони мамлакат гардидааст.
Солҳои охир шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳалаи рушди босуръатро сипарӣ намудаистодааст. Имрӯз шаҳр маҷмуи аълои анъана ва бинишҳои муосири меъморӣ ва ороиширо мемонад. Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат аст, балки шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ мебошад. Азбаски мавзеъҳо ва ҷойҳои сайёҳӣ дар маркази пойтахт мутамарказ шудаанд, метавон аз онҳо озодона ва ба осонӣ дидан намуд.
Баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ – нишони эътирофи пойтахти тоҷикон
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба корномаи чеҳраҳои мондагори миллат ба сатҳи олӣ бардошта шуда, бо ин мақсад бузургдошти шахсиятҳои бонуфуз – Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуҳанифа Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар бо баргузории симпозиуму конференсияҳои илмии байналмилалӣ сурат гирифт, ки дар онҳо садҳо меҳмонони хориҷӣ аз пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Соли 2007 бо ибтикори Тоҷикистон тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар саросари олам 800-умин солгарди мавлуди Мавлоно таҷлил гардид. Ба ин муносибат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2007 оид ба таҷлили мавлуди Мавлоно ба имзо расида, дар рӯзҳои 6-7 сентябри соли 2007 дар пойтахти кишварамон Конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзуи «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» доир гардид, ки дар кори он олимону донишмандон аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, бо дастовардҳои пойтахтамон шинос шуданд.
12 сентябри соли 2024 дар пойтахти кишварамон Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши донишмандони тоҷик дар рушди тамаддуни исломӣ» баргузор гардид, ки дар он меҳмонон зиёда аз 50 кишвари исломӣ ширкат варзида, аз мавзеъҳои илмию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд.
16 октябри соли 2024 симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Саҳми Абунасри Форобӣ дар рушди илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор шуд, ки дар он олимону мутахассисон аз Фаронса, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои хориҷии дуру наздик ширкат варзиданд. Дар барномаи ин чорабинии байналмилалӣ шиносоии меҳмонони хориҷӣ аз мавзеъҳои илмию фарҳангии шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шуда буд.
Дар пойтахт оид ба масъалаҳои глобалӣ симпоизум ва конференсияҳои байналмилалӣ бо ширкати сарони кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид. 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин радиф, Душанбе соли 2022 мизбони Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» буд. Дар ин Конфронси сатҳи баланд намояндагони 59 давлат, 30 созмони ғайридавлатӣ ва зиёда аз 700 вакил ширкат варзиданд. Ба ин тартиб, Душанбе бори сеюм аст, ки мизбони чунин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ мегардад ва шуруъ аз соли 2018 дар пойтахти кишвар чунин навъи нишастҳои сатҳи баланди ихтисосӣ бо ҳузури коршиносони байналмилалӣ, пружаҳои таҳлилӣ ва умуман, роҳбарони ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, мудирияти ниҳодҳои қудратию амниятӣ, мақомоти умури хориҷӣ ва амсоли инҳо фаъолона ширкат варзиданд. Аз 10 то 13 июни соли 2024 шаҳри Душанбе мизбони Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид.
Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои ин созмон якдилона дастгирӣ ёфт, доир шуд. Дар ин радиф, дар замони Истиқлоли давлатӣ пойтахти давлат мизбони садҳо чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ буд, ки аз шукӯҳи маркази тоҷикони ҷаҳон хабар медиҳад. Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, дар айни замон бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил муносибати дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дар доираи Конференсияи чоруми оби Душанбе, ки аз 25 май то 28 майи соли 2026 идома кард, намояндагон аз 100 кишвари ҷаҳон бо теъди 2600 нафар ширкат намуданд. Ҳамчунин, Форуми ҷавонони оби Душанбе-2026 баргузор гардид.
Рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе маркази илму маорифи кишвар маҳсуб ёфта, қишрҳои зиёӣ ва ҷавонони зиёдеро муттаҳид менамояд. Имрӯз дар баробари маркази маъмурӣ будан, Душанбе илму маорифи ватаниро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ месозад. Тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Душанбе 178 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 96 муассисаи томактабии буҷетӣ, 72 муассисаи томактабии хусусӣ ва 10 муассисаи томактабӣ дар назди корхонаву ташкилотҳо фаъолият менамояд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Душанбе 208 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 27 донишгоҳу донишкадаи олӣ дар ҳудуди шаҳр мавҷуд аст, ки садҳо ҳазор ҷавоноро дар руҳияи омӯзиш ва аз худ намудани асосҳои илму дониш ба камол мерасонад. Дар ин радиф, калонтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе (Китобхонаи миллӣ) мебошад, ки баҳри рушди илму маориф заминаи устуворе гузоштаистодааст.
Шаҳри Душанбе имрӯз ҳамчун маркази илму маърифат ва майдони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, нақши муҳимро дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаи илм, маориф ва инфрасохтор, имконият медиҳанд, ки пойтахт дар оянда низ мавқеи худро ҳамчун як маркази бонуфузи илмӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дорад ва тақвият бахшад. Ҳамин тавр, рушди устувори шаҳри Душанбе ҳамчун маркази илму маърифат, на танҳо барои пойтахт, балки барои тамоми кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, хусусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он имрӯз дар табдил додани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ба маркази илми ватанӣ нақши арзанда гузошта, бо баргузории чорабиниҳои мухталифи илмӣ дар толорҳои барҳавои пойтахти кишвар ин шаҳри зебову дилороро пайваста ба меҳмонони хориҷӣ шинос намуда, минбаъд низ барои боло бурдани нуфузи он на танҳо ҳамчун маркази маъмурию фарҳангии Тоҷикистон, балки ба ҳайси як маркази муосири илмӣ беш аз пеш саҳми худро мегузоранд.
Дар замони истиқлоли давлатӣ вазъи демографии шарҳи Душанбе беҳтар шуда, аҳолии он то соли 2025 — 1267,5 ҳазор баробар гардидааст. Ин шумора дар соли 1991 — 583,3, соли 2000 — 561,2, соли 2010 — 724,0 ва соли 2020 — 863,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Суръати афзоиши табии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2 фоизро ташкил медиҳад. То ибтидои соли 2026 шумораи умумии субъектҳои хусусии тиббӣ, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ 919 ададро ташкил медиҳанд, дар шаҳри Душанбе 274 адад фаъолият дорад.
Бояд гуфт, ки афзалияти соҳаи тандурустӣ дар пойтахт, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, рушди захираҳои инсонӣ, азнавсозии инфрасохтори соҳа, пешгирии бемориҳои гуногун, рақамикунонӣ, рушди соҳаи дорусозӣ ва ғайра равона гардидааст.
Душанбе ба маркази рушди туризм табдил меёбад
Суботи сиёсӣ, амният, ва рушди босуръати шаҳри Душанбе сабаб шуд, ки он ба яке аз марказҳои бузурги сайёҳӣ табдил ёбад. Сиёсати созандагии шаҳрдори пойтахти азизамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои шаҳрро дар муддати кутоҳтарин тағйир дод. Имрӯз барои рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт дигар мушкилоте нест. Махсусан, дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 52 меҳмонхона, 118 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 27 бозор, 125 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, беш аз 60 боғу гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 4 қасри фарҳанг, 7 театри касбӣ, 13 осорхона, 17 китобхона, 6 амфитеатр, 95 ширкати сайёҳӣ амал мекунанд, ки асоси инфрасохтори хизматрасонии Душанбешаҳрро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардидааст. Айни ҳол 5 меҳмонхона мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд. Бо мақсади ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бояд гуфт, ки дар рушди сайёҳии пойтахт мақоми Осорхонаи миллӣ хеле барҷаста мебошад, ки дар он нигораҳо ва ёдгориҳои таърихии зиёд ҳифз мешаванд. Нигораҳои мазкур таърихи фарҳанг, тамаддун ва давлатдории тоҷиконро барои сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамояд. Дар шаҳри Душанбе «Маркази маҷмааи Оши палав» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он зиёда аз 60 навъи оши палав пешкаши сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ мегардад.
Ҳамин тавр, рушди босуръати пойтахти Ватани маҳбубамон самари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз истиқлолу ваҳдат ва хадамоти шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори хирадманду дурандеш муҳтарам Рустами Эмомалӣ боис гардид, ки Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарин ва амнтарин табдил ёбад. Имрӯз моро зарур аст, ки дар партави ин сиёсати созанда ва суботи сиёсӣ ҷиҳати боз ҳам рушд намудани Ватани азизамон талош намуда, рисолати хешро содиқона амалӣ намоем.
Қодирзода Далер,
сардори шуъбаи Хадамоти назорати
давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе
