КОРРУПСИЯ — МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ
Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои корупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон
Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди дилхоҳ ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида метавонад ба фаъолияти давлат, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар субъектон таъсири ҷиддии манфӣ расонад. Коррупсия на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки масъалаи муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ низ мебошад.
Дар шароити имрӯза муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирӣ ва решакан намудани коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки вазифаи тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, дар ин раванд ҳар як шаҳрванд, кормандони мақомот ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд масъулияти худро дарк намуда, дар роҳи пешгирӣ ва решакан намудани омилҳои коррупсионӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Коррупсия метавонад дар ҳолатҳое ба вуҷуд ояд, ки шахс мансаб, вазифа ё ваколати хизматии худро барои ба даст овардани манфиати шахсӣ ё манфиати шахсони дигар истифода мебарад. Чунин амалҳо ба принсипҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, аз қабилӣ адолат, қонуният ва баробарии шаҳрвандон мухолиф мекунад.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ корупсияро ба чанд маъно мефаҳманд, масалан, «коррупсия ҳамчун истифодаи нодурусти мансаб ё ваколати хизматӣ барои ба даст овардани фоида ё манфиати ғайриқонунӣ фаҳмида мешавад. Ба чунин амалҳо гирифтани пора, додани пора, истифодаи мансаби хизматӣ ба манфиати шахсӣ, суиистифода аз ваколат, бархӯрди манфиатҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дохил шуда метавонанд».
Коррупсия метавонад дар шаклҳои гуногун ба амал ояд. Баъзан он ошкоро ва баъзан пинҳонӣ сурат мегирад. Масалан, гирифтани маблағ ё тӯҳфаи ғайриқонунӣ барои иҷро намудани амали хизматӣ, ба шахсони алоҳида додани имтиёзҳои ғайриқонунӣ, истифодаи молу мулки корхона барои мақсадҳои шахсӣ ва дигар ҳолатҳо метавонанд бо коррупсия алоқаманд бошанд.
Барои муқовимати самаранок бо коррупсия пеш аз ҳама сабабҳои пайдоиши ин зуҳуроти номатлубро бояд донист. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши омилҳои корупсионӣ паст будани маърифати ҳуқуқии баъзе аз шаҳрвандон мебошад, агар шахс ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро надонад, метавонад ба амалҳои ғайриқонунӣ махсусан ба кирдорҳои коррупсионӣ даст занад.
Сабаби дигари пайдоиши ин зуҳроти номатлуб суиистифода аз вазифаи хизматӣ мебошад. Баъзе шахсон метавонанд вазифаи худро на барои хизмат ба ҷомеа ва давлат, балки барои ба даст овардани манфиати шахсӣ истифода мебаранд. Ин ҳолат метавонад ба паст шудани эътимоди мардум ба муассиса, ташкилот, умуман ба сохторҳои дахлдори давлатӣ оварда расонад.
Ҳар як корманд бояд вазифаи худро софдилона ва бо масъулият тибқи дастурамали вазифавиаш иҷро намояд. Корманд уҳдадор аст, ки ҳангоми қабули қарорҳо танҳо ба қонун ва манфиатҳои хизматӣ такя кунад.
Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати бархӯрди манфиатҳо, корманд бояд онро пинҳон накарда ва дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарияти хешро огоҳ намояд. Масалан, агар корманд ҳангоми иҷрои вазифа бо масъалае рӯ ба рӯ шавад, ки ба манфиати шахсии ӯ ё хешовандонаш алоқаманд аст, чунин ҳолат бояд ба таври шаффоф баррасӣ карда шавад.
Ҳамчунин, кормандон бояд аз истифодаи молу мулк, воситаҳои техникӣ, маълумоти хизматӣ ва дигар имкониятҳои корхона барои мақсадҳои шахсӣ худдорӣ намоянд.
Яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо коррупсия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Шахсе, ки қонунро медонад ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дарк мекунад, бештар метавонад аз амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намояд.
Дар корхонаҳо гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ аҳамияти калон дорад. Кормандон бояд дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии даст задан ба коррупсия ва масъулияти шахсӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 07 августи соли 2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул гардидааст. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 36 модда иборат мебошад.
Дар моддаи 1 қонуни мазкур мафҳуми коррупсия чунин омадааст: «кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ».
Ҳамзамон, дар моддаи 10 қонуни мазкур Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун субъекте, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд муқаррар шудааст.
Дар асоси моддаи 11 қонуни мазкур бошад, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекте, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд метавонад чунин чораҳоро амалӣ намояд:
— дар доираи ваколати худ мунтазам тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро гузаронад;
— иҷрои талаботи стратегия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро таъмин намояд;
— бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ таҳлили фаъолиятро анҷом медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст, ки дар ду марҳила амал менамояд. Марҳиллаи 1 солҳои 2021-2025 ва марҳиллаи 2 солҳои 2026-2030 амалӣ шуда истодааст.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
Хулосса чунин чораҳо метавонанд афзоиши коррупсияро коҳиш диҳанд:
- Риояи қатъии қонунгузорӣ аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон ва кормандон;
- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;
- Таъмини шаффофият дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо;
- Тақвияти назорати дохилӣ дар корхонаҳо;
- Пешгирии бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва хизматӣ;
- Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ;
- Масъулиятнок будани роҳбарон ва кормандон;
- Муносибати қатъӣ ба ҳар гуна ҳолати коррупсионӣ;
- Ҳифзи ҳуқуқи шахсоне, ки дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ маълумот медиҳанд;
- Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеа;
Муалифон:
Мутахассиси шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе
Гурезов Зиёдулло Намозкулович
Нозир – коргузори шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе
Қаландаров Саидмуъмин Саидмузафарович