КОНФРЕНСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-НИШОНАИ ҲАСТӢ, БАҚОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР, РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛӢ, ШАРАФУ ИФТИХОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК”
Санаи 28 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсия таҳти унвони “Истиқлолияти давлатӣ-нишонаи ҳастӣ, бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик” баргузор гардид.
Дар конференсия мазкур Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад — сардори Хадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Рустам Шоҳмурод — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сино-4, Ҳабибзода Зоҳир Иззат — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қаюмӣ Шаҳзода — директори МД таълимӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ ва инчунин намояндагони сохторҳои давлатӣ, фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфренсия бо танинандоз гардидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфта, Маҳмадзода С.М. – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳозиринро бо фарорасии санаи муборак — 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Мавсуф бо ибрози сипоси беандоза ва самимона иброз намуданд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо имрӯз дар як муҳити осоишта, сулҳу амонӣ зиндагӣ доранд ва дар раванди таъмини рушди устувори кишвари азизамон собитқадамона ширкат меварзанд, ки ин ҳама аз баракати саъю кӯшишҳои бурдборонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, шахсияти нотакрори таърихӣ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва тақвияти рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар оғози конференсия ба масъалаи аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Рустам Шоҳмурод — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихӣ буда, маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам омад, ки низоми давлатдорӣ, қонунгузории миллӣ ва ниҳодҳои асосии ҷомеаи демократӣ ташаккул ва пайваста такмил дода шаванд. Номбурда иброз намуданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва такмили заминаҳои ҳуқуқии давлат яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти қонунгузори кишвар мебошад.
Дар идома конфренсия Ҳабибзода Зоҳир Иззат — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, иштирокчиёни конференсияро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлол заминаи асосии рушди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувори кишвар мебошад.
Ӯ таъкид кард, ки ҳифзи Истиқлол ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳабибзода Зоҳир Иззат ҳамчунин ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани худшиносии шаҳрвандӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва татбиқи ҳадафҳои созанда таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки ҷомеаи ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама ба шаҳрвандони масъулиятшинос, қонунмеҳвар ва ватандӯст ниёз дорад.
Сипас Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, дар мавзуи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва такмили қонунгузории миллӣ андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳкими давлати ҳуқуқбунёд бе рушди пайвастаи илми ҳуқуқ, таҳлили қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи ҷомеаи муосир ғайриимкон мебошад. Номбурда нақши илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва таҳқиқоти илмиро дар таҳияи пешниҳодҳои асоснок барои такмили қонунгузорӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи чорабини Қаюмӣ Шаҳзода — директори МД таълимӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар суханронии худ ба масъалаи рушди низоми омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон ва зарурати мутобиқ намудани фаъолияти соҳа ба талаботи қонунгузории миллӣ таваҷҷуҳ намуд. Қайд гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ ва донистани қонунҳо барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини муносибатҳои дурусти меҳнатӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар охири чорабинӣ сардори Хадамот Маҳмадзода С.М. бахшида ба рузи фараҳбахш 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор иштирокчиёни фаъоли конференсия Сипосномаҳои Хадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.