ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бо камоли эҳтиром ва самияти беандоза тамоми мардуми сарбаланду тамаддунофари кишварамонро ба муносибати Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, бо 34 – умин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз омилҳои асосии расидан ба барқарории сулҳу субот, таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад, самимона табрик мегуям.
Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Ин ҷашни фархунда, ки ба шахсияти таърихию нотакрори имрӯзу ояндаи миллати тоҷик, раҳбару Пешвои сиёсию миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки аз саҳмгузориҳои беназири Пешвои миллат ёд оварем ва онҳоро бо умеди нек ба насли оянда расонем. Иншо намудани як қатор нуктаҳои асосиро дар робита ба ин масъала амри зарурӣ медонам.
Иҷлосия Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин рӯзи фархунда алоқамандии бевосита дошта, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон аҳамият ва мақоми махсус дорад ва рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ, ва барқароршавии сулҳу субот дар саросари кишвари азизамон ба шумор меравад.
Ин иҷлосия ҳама вақт вирди забони мардуми Тоҷикистон буда, дар ҳама намуди чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, таърихию мардумӣ ба ёд оварда мешавад, чунки, ин Иҷлосия Шахсиятеро ба арсаи сиёсати Тоҷикистон ва ҷаҳон овард, ки дар як муддати кӯтоҳ халқи парокандашудаи тоҷикро сарҷамъ намуд, давлати қариб аз байн рафтаи тоҷиконро аз нав эҳё намуд, ҷанги таҳмилии бародакӯшро хомӯш ва сулҳу суботро дар сароасри Тоҷикистон барқарор кард, Ваҳдати миллиро таҳким бахшида, Тоҷикистони қариб сад порчаро ба як Тоҷикистони воҳид мубаддал намуд.
Ин шахсияти таърихии арсаи сиёсати сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Хизматҳои таърихӣ, талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ, кӯшишҳои хастанопазиронаи Пешвои миллат баҳри ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, барқарории соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, рушду таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, баҳри созандагию бунёдкорӣ, баҳри эҳёи дубораи давлати миллии тоҷикон, баҳри ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ, аз нав муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, баҳри пешниҳодҳои мухталифи барои башарият муфид бебаҳоянд ва назир надорнад. Миллати тоҷик баъд аз садсолаҳои парокандагӣ, баъди Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва дигарон боз Пешво ва раҳбари асили худро пайдо намуд.
Санаи 6 ноябри соли 2026 мардуми шарафманди Тоҷикистон 32- юмин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо як шаъну шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд. Мардуми тоҷик беш аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор дошта, танҳо як қисмати начандон дури миллати тоҷик таҳти низоми тартиби давлатдории даврони шуравӣ ҷараён гирифта буд. Ҷашни 32 солагии Конститутсия нишонаи истиқлоияти пурра ва рушди сиёсию иҷтимоии давлати навини тоҷикон буда, барои имрӯз ва ояндаи миллат аҳамият ва шукуҳи хоса дорад.
Халқи Тоҷикистон дар давоми 35 соли истиқлолияти давлатӣ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ самтҳои мухталифи тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро муайян ва мушаххас гардонид, ки заминаи он муқаррароти ин санади олии воқеан тақдиросз буд.
Бо назардошти ҳамин нуктаҳо, ҳамаи дастовардҳо ва натиҷаҳои дар тули ин солҳо бавуҷудомада, натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ, натиҷаи хирад ва заковати фавқулъодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Маҳз ташаббус ва интихоби дурусти шакли идоракунии давлат, дар асоси меъёрҳои Конститутсия ташкили низоми ҳуқуқии кишвар, ифодаи қонунии худро пайдо намудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, эътироф гардидани парчам, нишон ва суруди миллӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муайян гардидани дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънвӣ ва эътибори олӣ пайдо намудани Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гашта, бевосита аз иродаи оҳанини Пешвои миллат ба даст омадаанд.
Интихоби Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 16 ноябр амри тасодуф набуда, ба тақдири имрӯзаву ояндаи халқи тоҷик пайвастагии тақдиру қисмат аст ва ин дастовард бевосита иродаи мардуми шарафманду маърифатпарвари тоҷик мебошад.
Боиси ифтихормандӣ ва сарафрозист, ки дар ин рӯз – 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкили таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар ин иҷлосия фарзанди содиқи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва яке аз ташаббуси аввалине, ки ҷиҳати таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол ба бор овард, ин пешниҳоди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвари азизамон буд, ки дар ҷараёни Иҷлосияи таърихию сарнавиштсоз қабул гардид ва якдилона пазируфта шуд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду шакл, лоиҳаи шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи шакли идораи Президентӣ барои муҳокима пешниҳод гардид. Бо назардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои умумимиллӣ, бо ташаббуси шахсияти нотакрори таърихӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли идораи президентӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби тамоми вакилон пазируфта шуд.
Дар ҳамин замина, соли 1994 бо қабул гардидани аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли президентии идораи давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози ташаккули давлати навини тоҷикон ба ҳисоб рафта, халқи тоҷик барои ояндаи рахшон раҳбару пешвои худро бо тафаккури тоза ва иродаи фавқулъода интихоб намуд ва 16-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун раҳбари сиёсӣ дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
Ҳамчунин, 15-уми ноябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд ва дар асоси он ҳамасола 16-уми ноябр ба унвони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар таҷлил мешавад. Ба ибораи дигар, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни давлатдории миллие мебошад, ки ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари сиёсӣ ва пешвои миллӣ алоқамандии бевосита дорад.
Ҳар як фарди дорои маърифат ва тафаккуру маънавиёт эҳсос менамояд, ки давлатсозӣ ва бархурдорӣ аз илми давлатшиносӣ кори саҳлу содае набуда, он иродаи оҳанину қавӣ, донишу малакаи махсус, кордонӣ, маҳорат ва садоқату вафодориро тақозо менамояд.
Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ, машҳур ба Низомулмулк, шахсияте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику форс бо эҷод намудани «Сиёсатнома» мавқеи босазое ишғол намудааст, дар сархати аввали ин асари машҳури хеш роҷеъ ба бузург будани мавқеи сарварони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор дар кори идораи давлат ба таври возеҳу равшан ишора намудааст, ки сифатҳои зикргардида дар симо ва фаъолияти Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ таҷассуми худро ёфтаанд.
Аз ҳама муҳим, барои сохтмони давлату давлатдорӣ, бахусус давлати миллӣ арзи вуҷуди шахсиятҳои асилу роҳнамо ва дорои маҳорати сиёсӣ басо амри зарурист. Аз ҷониби дигар, шахсиятҳои бузурги сиёсӣ бо талошҳои шабонарӯзӣ ва мунтазаму содиқонаи худ сохтмони давлату давлатдориро маҳак ва меъёри фаъолияти худ қарор дода, баҳри рушду пешрафти давлату миллат аз ҳама гуна манфиат даст кашида, баҳри расидан ба мақсадҳои волои таърихӣ ҷоннисорӣ менамоянд, ки ин сифатҳо дар пешбурди корҳои давлатдории Пешвои миллат баръало дида мешаванд.
Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ инҷониб Пешвои миллат «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун зербинои фаъолияти худ қарор дода, бо назардошти талаботҳои маънавию мафкуравӣ ва иҷтимоию иқтисодии аҳли ҷомеа раванди сарварии давлатро пеш мебаранд.
Ҳамбастагии пиндору гуфтор ва рафтори неку созанда яке аз омилҳои сарҷамъшавии аҳлонаи хурду бузурги миллати тоҷик дар атрофи Сарвари давлат гардид.
Пешвои миллат суботкорона ҳар як қавли дар назди шаҳрвандони кишвар додаашонро софдилона иҷро кардаанд ва иҷро мекунанд. Дар он айёми даргириҳои шадиди ибтидои солҳои навадуми қарни сипаригардидаи бистум ба таъмин намудани сулҳ муваффақ гардиданд, тамоми гурезагонро баргардониданд ва якҷоя бо халқ ба раванди ободкунии Ватан оғоз бахшиданд. Раванди мазкур бо истифода аз неруи созанда ва ободгари кулли шаҳрвандони кишвар то имрӯзҳо бо суръат ва сифати баланд идома дорад.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли заволёбии давлатдории Сомониён дигарбора соҳиби давлати хеш гардид.
Эътибори махсус додани Пешвои миллат ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи суннатҳои шоистаи тоҷикон, интихоби роҳи дурусти рушди миллӣ, густариши муносибатҳои неку дӯстона бо кишварҳои гуногун, муаррифии симои фарҳангии кишварамон ба ҷаҳониён тадбирҳое мебошанд, ки бо неруи хиради Сарвари давлат татбиқ гардидаанд.
Маҳз дар заминаи сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат аҳли меҳнати ҷумҳурӣ дар ҷодаи расидан ба чор ҳадафи стратегӣ:
— таъмини истиқлоли энергетикӣ;
— раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
— ҳифзи амнияти озуқаворӣ;
— саноатикунонии босуръат саъю талош меварзад.
Бояд эътироф намуд, ки муваффақиятҳои дар ин самтҳо бадастомада ва татбиқи дигар ормонҳои миллӣ ба корномаҳои беназири Пешвои миллат вобастагӣ доранд ва ин воқеиятро мардуми сарбаланди тоҷик эътироф мекунад.
Имрӯзҳо фаъолияти пурсамар ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи мақсадҳои ояндабинона, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар эътироф гардидааст ва яко яки мардуми Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат истиқболу содиқона пайравӣ мекунанд.
Дар ин замина гуфтан ба марид аст, ки ташаббусҳои зерини Пешвои миллат ба манфиати башарият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди истиқбол қарор гирифтаанд ва обрую эътибори миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ дучанд намудаанд.
— эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза,
— солҳои 2005–2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»,
— соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об,
— солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
— соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо
— солҳои 2025–2034 Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера
— эълон намудани соли 2027 ҳачун соли “ байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”
— ташаббуси минтақавӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби СММ дар соли 2025 дастгирӣ гардид.
Дар хусуси сиёсатмадорӣ ва давлатсозии Пешвои миллат бисёре аз шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ, аз қабили Президенти Федератсия Руссия Владимир Путин ва бисёре аз дигарон ибрози Ақида намуда, оид ба сиёсатмадорӣ, давлатсозӣ ва сифатҳои давлатшиносии Пешвои Миллат баҳои баланди сиёсӣ дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамони миллии Афғонистон, марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти моро самимӣ дуст медошт ва боре таъкид карда буд, ки “Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд”.
Бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки сиратҳои сутуда, ҳунарҳои роҳбарӣ, хираду дониши фавқулода, адолатпарварӣ ва инсондустӣ, майлу рағбат ба рушди иҷтимоии мардум, масъулият ва истиқлолияти фикрии баргузида, маърифат, тадбирандешӣ, одилию хислатҳои наҷиби инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на амри тасодуф, балки бо амри илоҳӣ ороста гардида, чунин Шахсият дар чунин шароит ҳадя ва инояти Холиқи кулли мавҷудоти олам ба миллати фарзона ва тамаддунофари тоҷик аст.
Бояд дарк намуд, ки ваҳдат ва иттиҳод таҳти парчами Тоҷикистон, паҳлӯи Роҳбари оқилу некусиришт, пайгирӣ ва тарафдории сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлати тоҷикон ва Пешвои миллат ягона роҳи расидан ба мақсадҳои волои таърихӣ ва таъмини субот дар кишварамон мебошад.
Рӯйдодҳои бузурги таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сатҳи байналмилалии мамлакат, пойдории ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсию иҷтимоӣ ва волоияти қонун, рушди фарҳангию маърифатӣ аз роҳбарии хирадмандона ва адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон муборакбод мегуям ва ба Раҳбари хирадманду раиятпарварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шабу рӯз баҳри таъмини рӯзгори осудаи мардуми ҷумҳурӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мову Шумо ҷаҳду талош меварзанд, сидқан умри дарози бобаракат, тансиҳатӣ ва муваффақияту комёбиҳо таманно менамоям.
Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад,
Cардори Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ