Парчами миллӣ – рамзи худшиносию худогоҳии миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон.

«Парчами давлати навини тоҷикон зоддаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардууми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадаҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд»

               Эмомали Раҳмон.

 Миллати тоҷик таъриху фарҳанги қадима дошта яке аз миллатҳое ба шумор меравад, ки   дорои урфу одат ва анъанаҳои хоси Парчамдории худ мебошад.  Тавре, ки таърих гувоҳ аст ҳануз аз давраҳои оғози ташаккулёбии давлатдорӣ парчамдории миллати тоҷик дар инкишофи муносибатҳои ҷамъиятию иҷтимоӣ ва  ахлоқию қонуният мавқеи хос дошта, нишонаи устуворӣ, мутамарказият ва худшиносию худогоҳии давлат ва милати тоҷикон маҳсуб меёбад.

Бо ифтихор метавон иброз намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ягонагии давлат мебошад.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди бедордили ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Парчами миллӣ таҷассумгари бақои давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии халқи кишвар ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан, ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкамии пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Мардуми шарафманди тоҷик роҳи тӯлонии парчамдориро тай намуда, халқи тоҷик фарҳангу тамаддуни худро таи давраҳои мухталифи таърихӣ пос доштааст ва анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсоларо дар бар мегирад.

Бо ин назардошт, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар,  Суғду Хатлон ва дигар  давлатдориҳои қадимаи тоҷикон, хусусан парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи худшиносӣ, худогоҳӣ ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии  гузаштагони мо мебошанд.

Муборизаи озодихоҳонаи Коваи Оҳангар рамзи шуҷоату мардонагӣ, ватандустиву ғурури миллии халқи тоҷик буда, барои наслҳои оянда таҷрибаи ибратангезро боқӣ гузоштааст.

Бо назар ба гузашта, ва тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, мардум аз зулми шоҳ Заҳҳок ба дод омада, бо сардории Коваи оҳангар, ки баҳри мубориза бар зидди истилогарон пешбанди чармини оҳангарии худро ҳамчун парчам бар болои сар бардошта буд,  бо ягонагӣ ва ваҳдати фавқулъода бар зидди ӯ бархостанд ва Заҳокро сарнагун намуданд.

Пас аз сарнагун гардидани  Заҳҳоки ситамгар, шоҳ Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, ба сари тахт омада, ин дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо зебу ороиш дода, ба он  номи «Дирафши Ковиёнӣ»-ро гузошт.

Ҳамчун нишони эҳтиром ба муборизаи Коваи Оҳангар ва муборизаи озодихоҳонаи мардуми сарзамин ин “Дирафши Ковиён”-и  ҳамчун  парчами миллӣ эътироф гардида, тули ҳазорсолаҳо ҳар шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ҷиҳати эҳтиром ба ин Дирафш беҳтарин   гавҳарҳои  хазинаи худро насб мекарданд.

Мардуми ориётабор таҳти ин Парчам  империяҳои абарқудратеро  барпо намуда,  ба ҷаҳониён намунаҳои олии давлатдорӣ ва  арҷгузориро ба ҳуқуқи инсон, аз қабили «Эъломияи Куруши Кабир»  эҷод намуданд.

Боиси сарбаландию ифтихор аст, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгузин гардида, ҳамчун нишони эҳтиром ба гузаштаи халқи тоҷик ва абадияту бардавомии таърихии давлатдории миллии точикон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами милллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург  бошад — нишонаи равшани  муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Ба ин хотир, эҳтиром ва бузургдошти Парчами давлатӣ-арчгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Гузашта аз ин низ  миллати тоҷик рисолати тамаддунофарии худро ҳамеша ҳифз намуда, дар интиҳои асри гузашта ба  истиқлолияти комил шарафёб  шуд.

Хонандаи гироми, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давр инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ  аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Парчами миллӣ ҳамчун  рамзи муҳими истиклолияти миллӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон,мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва  ватандӯсти  мамлакат мебошад.

Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи халқиятҳои ҳудуди кишвар ба шумор рафта, аҳолии кишварро ба зиндагии ором, сулҳу субот ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ далолат менамояд.

Имрӯз дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр тавассути парчами худ муаррифӣ мегардад.

Ба ин хотир, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавиёти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ба давлату давлатдорӣ буда, дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз муҳимтарин  муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

Эҳтиром ва муҳаббат ба Парчами миллӣ бояд дар  қалбу вуҷуди  ҳар як фарди бонангу номус ҷой дошта, касро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ таҳкими истиқлолияти миллӣ ва  ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ҳидоят намояд.

Арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза бошад.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

Баробар бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик яко як ба миён омаданд.

Аммо мутаасифона, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ интизориҳои миллатро як муддат зери шубҳа бурд, вале хушбахтона бо талошҳои шабнарӯзию хастанопазир,ҷонфидоию кӯшишҳои  ҷоннисоронаи фарзанди баруманди миллат, абармарди саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ, Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги хонумонсӯз дурурдароз давом накарда, бо ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ сулҳу субот дар кишвари азизамон доман кушод ва мардумро аз ноумедӣ ба умед ба ояндаи дурахшон роҳнамун сохт.

         Пас аз пойдор гардидани сулҳу субот дар кишвар, ва таъмини қонуният, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ки бевосита бо ҷаҳду талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат ба даст омада буданд, ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвар маҷрои оромӣ гирифт ва худшиносию худогоҳии миллат аз нав тақвият ёфт.

Боиси ифтихори сарфарозист, ки моҳи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар чаҳон (бо баландии 165 м) бунёд ва он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд.

Бунёд намудани Парчами миллӣ дар чунин шаклу андоза ифодагари ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, ҳадаф аз он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷиконро ифода менамояд.

Қуллаи парчам, қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории соҳибистиқло мебошад, ки онро мардуми тоҷик ба баҳои талафоти беназири моддию маънавию ҷонӣ дар тули гузаштаи таърих ба даст овардаанд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми тоҷикистон, ҳамкасбон ва кулли тоҷикони ҷаҳонро ба ин санаи фараҳбахш,-24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ муарифгари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон табрику таҳният гуфта,  ба ҳамагон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, сулҳу субот, осмони мусаффо,  амнияту оромӣ ва гулгулшукуфии  Ватани азизамонро орзумандам.

Бошад, ки абадан Парчами миллӣ-ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву ободии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон бошад.

Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад,

Cардори Хадамоти назорати давлатӣ дар

соҳаи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика