ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 «Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

Пешвои муаззами миллат дар ҳар вохӯрию суханрониҳои хеш аз заҳмату талошҳои занон ва бовариашон ба ғайрату шуҷоати занон ёд менамоянд.  Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти зан назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро ҳамеша намунаи ибрат меоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ,соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ  низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.

Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан – модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар  рушд ёбад. Натиҷаи ин талошҳо боис шуд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, имрӯзҳо рисолати роҳбариро низ бар душ гирифтаанд.

Президенти кишвар  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи занон доимо такя намуда, ба онҳо ҳамчун қувваи созанда ва боэътимоди ҷомеа назар мекунанд.  Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Пешвои миллат дар паёми навбатии худ қайд намуданд, ки дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намудаанд ва онҳоро амалӣ карда шудааст.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст.

Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.
Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
 

                                       Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                                        муҳоҷират ва шуғли  аҳолӣ                                                        

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика