“НОҚОБИЛОНИ ДАҲР БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД”

Худбохтагону нохудогоҳон, лошахӯрони хориҷиҳо ва душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ҳамеша бар сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ ва сафасатаҳо номуайян паҳн карда, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Локин онҳо худ намедонанд, ки шағоле ҳастану лошахурӣ хориҷиҳо мебошанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалҳои побарҳавои худ тавонистанд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз бомдод ба хок хун оғӯшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро овораю саргардон кунанд. Дар ин лаҳзаҳо нияти шуми онҳо,  тамоми сирру асрори амалҳои хоинонаю душманонаашон фош гардиду ин худбохтагону бегонапарастон, косалесони хориҷиҳо шармсор гардиданд ва ба ҳамин сифатҳои ваҳшиёнаи хеш ба хориҷи кишвар ба назди хоҷаҳои худ кӯч бастанд.

Роҳбарону аъзоҳои Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳам бо ҳамон андешаҳои пучу беҳудаи худ ва хоинонаю душманонаи худ дар хориҷи кишавар, нафароне, ки аз ниятҳои шуми онҳо хабаре надоранд дар назари мардум афроди пешрафта ва тараққипарвар ҷилва диҳанд. Вале, дар асл, онҳо ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст. Лекин худованди яккаву танҳо ба чунин нафарони Аҳримансифат пирӯзӣ намедиҳад.

Он чуноне, ки гуфтаанд:

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди оқил аст.

 

Имрӯзҳо дар хориҷи кишвар онҳо, ки ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ мегарданд, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон дода, мехоҳанд, боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҳои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд. Чанд террористи наҳзатие, ки худро ба девонагӣ задаю ба ҳам ҷамъ омада, бо унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гарвгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ созмонеро ҳам ташкил кардаанд, натиҷаҳои интизорӣ аз ин ҷамъияти худбохтагон боз ҳамон бадбахту бенаво намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Раҳбарият ва аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки пайваста аз номи сокинони кишвар худро ҳамчун ҳаводорони ҷомеаи озоду демократӣ нишон медиҳанд, ҳарчанд маълум аст, ки аз ҳар чизи будаву набуда ҳангома сохтанӣ мешаванд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон доштан аст. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ худро зери номи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон пинҳон намуда, барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин вобаста ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор карданӣ мешавад. Аслан, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳамон ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки бо номи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ шинохта шудаву дар ҳар кунҷу канор бо номҳои гуногун зуҳур мекунад.

Ин террористону экстремистон, ки дар асл душманону хоинони миллату меҳан мебошанд, боз бешармона аз номи миллату меҳан сухан карда, даъвои ташкили гирдиҳамоӣ доранд. Гирдиҳамоиашон бошад, мисли ҳамон бедодгариҳо, қатлу ғорат кардани мардуми бечора ва талаву тороҷ намудани молу амволи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, на чизи дигар.

Бо вуҷуд ин, террористону экстремистони наҳзатӣ, ки душманони ашадии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мераванду аслан озод будани инсонро ҳамчун арзиш қабул надоранд, талаби раҳоии чанд ҷинояткорро, аз қабили Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро доранд.

Имрӯз тамоми кишварҳои аврупоӣ аз фикру ақидаҳои шум ва рафтору кирдори намояндагони терроризми байналхалқӣ, ба монанди ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ безор буда, онҳоро тамоман чашми дидан ҳам надоранд. Аз ҷумла аз тарафи Суди Олии Федератсияи Россия аз 14 сентябри соли 2022   Ҳизби наҳзати исломӣ дар қаламравӣ Федератсияи Россия ҳамчун ҳизби терористӣ эълон карда шудааст.

Имрӯз наҳзатиҳо шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи кишварро бо аъмоли хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд, вале боз нашармида худро канор мегиранду бегуноҳ меҳисобанд ва бори маломатро ба давлату миллати тоҷик мезананд, вале суханони онҳо пучу беасос буда, ҳамақт шармандаю шармсоранд ва берун аз ватану миллати худ, дар орзуи як мушт хоку оби сархамини аҷдодии хеш дар хорию зор ҷон медиҳанд. Он чуноне, ки гузаштагони мо гуфтаанд, Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад.

Аз ин рӯ, ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ барои давлату миллати тоҷикон хоин буд ва хоин мемонад. Митингбозии онҳо, рӯпушии сарозер шудани сармояи муфт ва ҳангуфт аз хочагони хориҷӣ мебошад.

Аз ин рӯ ман гуфтаниам ҳазорсолаҳо зери парчами истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари муаззами мо, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷику Тоҷикистон зинда бод.

Решакан бод террористони Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ

 

Сардори Раёсатии Хадамоти назорати давлатӣ, дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон- Бобозода Ҳамза Камолиддин

 

Яндекс.Метрика