БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Модарони мӯҳтарам, бонувони азиз, хоҳарони гиромӣ !
Ҳоло ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол –иди  Рӯзи  Модарон – 8 — Март  қарор дорем, мехоҳам  ҳамаи  Шумо, кулли  модарон  ва занону  духтарони  иззатманди  Хадамотро ба муносибати рӯзи  модарон  самимона табрик   гуфта, ба  ҳар  кадоматон, пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ,  рӯзгори  пурсаодат, хонадони  ободу  осуда  ва  тамоми   хушиҳои   зиндагиро   орзу намоям.
Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат  ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.
Дар ситоиши зан – модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан чунин қайд кардаанд: «Модар  азизтарин   вуҷуди  рӯйи  замин мебошад ва  зиндагӣ аз нафаси гарму  дилнавози  ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи  ишқи  ҷовидонӣ, нахустин  мураббӣ  ва  муаллими  фарзанд мебошад.  Зеро, тору  пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат   ришта  шудааст. Худованд ба  Зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад».

Қайд кардан ба маврид аст, ки арзиши муқаддасу таърихӣ  ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, ваҳдатӣ миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ  мебошад.   Мафҳуми сулҳ барои мо – тоҷикон маънии махсус касб намудааст ва дар бораи аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, миллӣ ва фархангии он бисёр сухан рондан мумкин аст.
Мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо дилу эҳсоси гарм пешвоз мегирем. Зан – модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст  ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад. Зеро модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи  хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Бузургони олам дар назди манзалати зан – модар сари таъзим фуруд овардаанд.  Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар ҳақиқат мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд мебошад.

Пайғамбари  ислом  биҳиштро  зери  қадамҳои  модарон  гузошта, меҳри  саршор ва муҳаббати  гарми  модарро  бо файзу  раҳмати  худованд баробар  донистааст. Аз ин  рӯ, мо  вуҷуди  муқаддаси  модарро аз аввалин  лаҳзаҳои  ҳаёт  то  дами  вопасин  фаромӯш  намекунем ва  ӯ ҳангоми  шодиву  нишот ва  ғаму андӯҳи   зиндагӣ  ҳамеша   ҳамроҳи мост.
Ва дар ҷойи дигар Пайғамбар (с) фармудаанд: «Беҳтарини Шумо шахсест, ки бо оилааш тамоми умр боадолатона муомила мекунад». Чуноне, ки Сарвари  давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  боби саҳми  зан-модар дар тарбияи  насли наврас ва  камолоти ҷомеа зикр  намудаанд:

«Модар  воқеан нахустустоди  башарият аст ва  фарзанд каломи  аввалинро  аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу  дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди  ӯ ҳам  босаводу  хушахлоқ  ба  воя  мерасад, ҳатто ба сатҳи забондонии  модар  вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид» Бинобар ин ба фарзанди хирадманд воҷиб аст, ки хизматгузорӣ ва нигоҳ доштани ҳурмати падару модарро ба зимма гирад.

Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо ва оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст. Як силсила фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат таккони ҷиддӣ бахшиданд.

Далели ин  гуфтаҳои  болоро чӣ хеле,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар баромадашон қайд  кардаанд, он аст, ки «Дар  тамоми   соҳаҳои   ҳаёти  ҷомеа  бо дарназардошти  бахши хусусӣ  беш  аз  як миллион  занону  духтарон фаъолият доранд.

Занон имрӯз ҳам роҳбари корхона ҳастанду  ҳам табиб, ҳам омӯзгоранду  ҳам  соҳибкор, хуллас онҳо  дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар баробари ҳамаи ин онҳо  вазифаи муқаддас ва басо масъулиятноки ба дӯш доштаашон – ба дунё овардани фарзанд, тарбия ва дар ниҳодаш ҷой намудани ахлоқи ҳамида, меҳру шафқат, эҳсоси  ватандӯстиву худогоҳии миллиро фаромӯш насохтаанд.

Нақши  модар, махсусан дар таълиму тарбияи фарзанд, омӯхтани забон, таъриху  фарҳанг, донишҳои  муосир  ва  умуман  камолоти  маънавию ахлоқии  фарзанд  барҷаста  ва  ҳатто муайянкунанда  мебошад.

Модарон имрӯз фарзандони  худро  ба  камол  расонида,  ҳамзамон  таърихи  ояндаи  Ватани хеш  гузашта  аз ин  таърихӣ  ояндаи  башарро   эҷод  мекунанд, ки  дар   ҷумҳурии   мо  чунин  модарони  соҳибмаърифату  бофарҳанг

кам нестанд.
Модарон дар  ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим, тарбияю ба  воя  расонидани  фарзанди  солеҳ  ва  ташаккули  оилаи   солим, ки  яке  аз  масъалаҳои   муҳимтарини  ҳаёти   имрӯзаи   ҷомеаи  мо  мебошад, ҳиссаи арзанда  ва  босазои  худро гузошта  истодаанд. Зеро оила  ниҳоди  асосии ҷомеа, манбаи  парваришу  тарбияи  нерӯи  солими зеҳниву ҷисмонӣ  ва  идомадиҳандаи   наслҳо  маҳсуб  мешавад.

Ободиву  суботи ҷомеа аз  осоишу   оромии   ҳар  як  оила  вобаста   буда, дар  навбати  худ ободии  ҳар  як  хонадон  аз рӯҳияи  поку созанда, сатҳи  маърифат ва  саломатии  зан-  модар вобаста  аст. Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву каҳрамонӣ ва кӯшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тӯли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони ҷаҳон,  тасвиру тавсиф шудаанд. Дар таърихи тамаддуни башар  шоир ё нависандаеро пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эхтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхирад ва шахсиятҳои бузург доир ба эҳтирому бузургдошти зан – модар, барои наслҳои инсоният суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш гуфтаанд,чунки  модарон  азизтарин  вуҷуди рӯйи  замин  мебошанд.

Айни ҳол дар Хадамот ба ҳайси хизматчии давлатӣ 3 нафар, ба ҳайси котиба-коргузор 1 нафар ва ба ҳайси фаррош 3 нафар занон кору фаъолият менамоянд. Ин қувваи бузург аст ва мо бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки онҳо дар ҳамаи риштаҳои зиндагӣ пешсаф ҳастанд ва дар ҳалли вазифаҳои муҳими худ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ғамхорӣ нисбати занон ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда мунтазам дар мадди назари Хукумати ҷумҳурӣ мебошад. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими фаъолияти имрӯза гардидааст. Ҳамзамон ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии занону духтарон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати онҳо таҳти таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дода шудааст.

Модарону хоҳарони азиз !

Бояд қайд намоям, ки занону духтарони мо дар ҳамаи давру замонҳо матинирода буданд. Аз ҷумла дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон онҳо дар ақибгоҳ қаҳрамонона меҳнат намуда, дар шикасти фашизм низ саҳми назаррас гузоштаанд.

Идомадиҳандагони кори занони шарафманд имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо ба назар  мерасанд.

Моро имрӯз лозим аст, ки бо тамоми роҳҳо барои рушду нумуи дониш ва малакаи занони соҳибистеъдод, занҳое, ки аз ӯҳдаи ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзгорамон баромада метавонанд, шароити мусоид фароҳам орем.

Маҳз бо назардошти ин мақсаду маром Ҳукумати Ҷумҳурӣ Барномаҳои махсус тарҳрезӣ намудааст. Яке аз ин Барномаҳо аз тарафи Сарвари давлат ҷудо намудани квота ба духтарони кӯҳистон мебошад. Имрӯз духтарон тибқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил намуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки ғамхорӣ  ба таҳсили ҷавонон, аз ҷумла духтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ғамхорӣ ба оянда ва густариши маърифати ҷомеа мебошад.

Дар хотир бояд дошт, ки зан – модари бомаърифат, муайянкунанда ва  созандаи маърифати миллат аст. Маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, хулқи ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгори моро зеб медихад. Мо мехоҳем, ки занони мо босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву бофарҳанг бошанд, зеро онҳо дар баробари ин, ки тарбияткунандагони миллат ҳастанд, оина ва зевари миллати сарбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо низ мебошанд.
Модари тоҷик, ки дар тӯли асрҳо  ба инсоният ҳазорон алломаву нобиғаҳо додааст, сиёсатмадорону давлатдорони бузург, паҳлавонону  қаҳрамонони миллатро дар домони покаш парваридааст, имрӯз ва оянда низ қудрат дорад фарзандоне ба дунё орад, ки номбардорони аҷдоди худ бошанд. Занону модарони оқилу бономуси мо ҳалқаҳои заррини пайванди гузашта бо имрӯзу ояндаи миллати кӯҳанбунёди мо ҳастанд. Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз «Алла»-и ширини тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад. Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем.
Мо ба шумо, занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон, ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа бовариву эътимод дорем ва аз Шумо тарбияи  фарзандони содиқи Ватан ва миллат, ободонии кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоистаро интизорем.
Итминони комил дорем, ки шумо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии ноҳия  фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти давлатамон рисолати созандагии хешро иҷро менамоед.
Ҳамаи   Шумо-гулҳои  ҳамешабаҳори   боғи зиндагӣ ва дар  симои  шумо   тамоми  занону   модарон  ва бонувони  ҷумҳуриро  бори  дигар   ба  ифтихори  бузургдошти  Рӯзи модар  самимона табрик  гуфта,  бароятон   саломатӣ,  хушбахтиву  саодатмандӣ ва  рӯзгори  ободу осуда орзу менамоем.
Бигзор лабҳои занону модарон ва хохарону духтарон пурханда бошанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ дарду гамро набинанд. Орзу дорам, ки Худованди муттаол хонадонатонро пур аз файзу баракат гардонад ва ҳар яки шуморо ба тамоми ниятҳои некатон расонад.
Идатон  муборак,  модарону хоҳарон  ва бонувони  азиз !

Яндекс.Метрика