Семинари машваратиӣ дар мавзуъи элон гардидани “Соли 2024 – Соли маърифати Хуқуқӣ” ва «Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср»

Дар таърихи 03 майи соли 2024 дар асоси нақшаи кори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо  ҳамкории директори Колеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва раиси кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон  семинарии машваратӣ бахшида ба эълон гаштани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар мавзуъи баланд бардоштани марифати ҳуқукӣ, шомилшавии ҷавон ба гурӯҳои экстремистӣ ва терористӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур сардори шубаи Хадамот дар шаҳри Душанбе Каримзода Насимҷон Самиҷон, директори Колеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Мирзозода Иброҳим-иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал роҳбарияти Колеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе сухан намуда ҳозиринро аз моҳият ва аҳамияти чорабинии доиршаванда  огоҳ намуд.

Сипас сардори шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе Каримзода Насимҷон Самиҷон оид ба масъалаҳои гуногун, аз қабили эълон гардидани соли 2024 соли маърифати {уқуқӣ ва «Экстремизм ва терроризм {амчун вабои аср» баромад намудаанд.

Семенари мазкур дар фазои озод баргузор гардида, иштирокчиён озодона дар рафти музокироти масъалаҳои матраҳшаванда саволу ҷавоб намуда ба саволҳои  онҳо пусухҳои мушаххас дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти чорабинӣ дар мавзъуи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ таваҷҷуҳ зиёд гардид, ки мавзӯи мазкур дар семинар ба яке аз мавзӯъҳои асосӣ табдил ёфта, роҳҳои пурзӯр намудани талошҳо барои пешгирии чунин зуҳурортҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷмӯъ семинар ба як бархурди муҳим дар мавзуъи дониш ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории меҳнат ва мубориза бо ифротгароӣ гардид. Аз ҷониби иштирокчиён оиди баргузории семенари мазкур сипосгузории худро баён намуда ба сатҳ ва самаранокии он баҳои баланд дода,  ҷиҳати густариш  додани ҳамкориҳоро дар оянда изҳори назар намудаанд.

Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

01

 

 

02

03

04

Яндекс.Метрика