Доир ба аҳамияти таъсиси Хадамоти ҳифзи  меҳнат дар ташкилотҳо

Бо мақсади таъмини низоми чорабиниҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат, қонунгузор дар асоси моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти меъёриро муайян намудааст, ки тибқи он барои ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ӣорҳ намудани вазифаи мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарор қабул мекунад ё уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд.

Дар заминаи моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 августи соли 2018, №18 бо қарори худ Низомномаи (намунавии) Хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнати ташкилоту муассисаҳоро тасдиқ намуда буд, ки иҷрои он аз тарафи тамоми роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошад.

Ҳамзамон, мақсад аз ташкил намудани Хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо, ин дуруст ба роҳ мондан ва омӯзиши усулҳои бехатарии кор дар раванди фаъолият, ба роҳ мондани барномасозиҳо барои додани дастурҳои бехатарии кор, аз ҷумла дастурҳои муқаддимавӣ, ибтидоӣ дар ҷои кор, такрорӣ ва ғайра, инчунин бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати баҳравар гардидани кормандон аз кафолату имтиёзҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатиро танзимкунанда, инчунин коҳиш додани захмбардории истеҳсолӣ ва ҳолатҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ равона карда шудааст.

Мутаасиффона, аз раванди таҳлили фаъолияти ташкилоту корҳонахои ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, ки мавриди санҷиши қонунгузории меҳнат қарор дода шуда буданд, муайян карда шуд, ки то ба ҳол аксарияти корфармоён ӯҳдадориҳои худро ҷиҳати таъмин намудани талаботи қисми якуми моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат) дарк накардаанд.

Таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо, танҳо бо мақсади пешгирӣ таъмини бехатарӣ, таъмин намудани ҳифзи меҳнат, муҳаё намудани шароити бехатар ва безарари меҳнат ва фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат барои кормандони ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифташуда муқаррар карда шудааст. Барои ташкилоту муассиса ва корхонаҳои мухталиф новобаста аз шакли моликият  боигарии асосӣ ин неруи солими корӣ ба ҳисоб меравад.

Таъмин намудани кормандон ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муҳаё намудани шароити мусоиди корӣ, таъмини кормандон ба воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ба инобат гирифтани шароити зарарнок, хатарнок ва вазнини меҳнат, ҳамчунин таъмини кормандон бо маҳсулоти зарурӣ ҳангоми фаъолият дар шароити зарарнок кафили самаранокии меҳнат, рушди истеҳсолот ва фаъолияти пурсамари ҳар як корманд дар дилхоҳ ташкилоту муассисаҳо ба шумор меравад.

Барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати шаҳрвандон дар қонунгузории соҳаи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст. Ҳадаф аз таҳияи ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин таъмини ҳуқуқу кафолатҳои бо қонунгузорӣ муқарраршуда нисбати  шаҳрвандон мебошад.

Тибқи муқаррароти банди 5, моддаи 350 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнат мебошанд, инчунин роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаронида шаванд.

Мутаассифона, таҳлилҳо ва натиҷаи санҷишҳои Хадамот нишон медиҳанд, ки дар ҳолати аз ҷониби роҳбарону масъулини корхонаю ташкилотҳо таъсис надодани хадамоти ҳифзи меҳнат ҳолатҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Таҳлилҳои гузаронидаи мақомотҳои дахлдор нишон медиҳад, ки  сабабхои асосии руй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот пеш аз ҳама дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳо мавҷуд набудани мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, нарасидани техникаи махсус ва либосҳои махсус, аз муоинаи тиббӣ нагузаронидани кормандон, дар ҳолатҳои алоҳида бесалоҳиятии қабули қарор аз ҷониби роҳбарон ва мутахассисон, риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармоён, ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, ба таври дахлдор таъмин накардани бехатарии меҳнат ва ба ин мақсад маблағгузорӣ накардани он маҳсуб меёбад.

Дар навбати худ, тибқи талаботи моддаи 357 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онҳо бо ин мақсад ҳуқуқ доранд бозрасии худиро таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд.

Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд. Фаъолияти иттифоқи касаба дар доираи талаботи моддаи болозикри Кодекси мазкур ва таъмини назорати ҷамъиятии ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо метавонад боиси коҳиш додани хатари ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ гардад.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика