ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи рӯзи 15 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши тантанавӣ бо танинандоз гардидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт ва Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳозиринро бо фарорасии санаи муборак — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Мавсуф бо ибрози сипоси беандоза ва самимона иброз намуданд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо имрӯз дар як муҳити осоишта, сулҳу амонӣ зиндагӣ доранд ва дар раванди таъмини рушди устувори кишвари азизамон собитқадамона ширкат меварзанд, ки ин ҳама аз баракати саъю кӯшишҳои бурдборонаи  фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, шахсияти нотакрори таърихӣ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва тақвияти рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад хизматҳои фарзанди фарзонаи миллатро, ки дар рушду нумӯи давлатдории тоҷикон беназиранд, махсусан таъкид намуда, қайд кард, ки таърих гувоҳ аст, ки  ин шахсияти таърихӣ тавонист як давлати ҷангзада, қашшоқро, ки қисми зиёди мардумаш бар асари гирудорҳо  гуреза шуда буд ва қисми дигар, ки дар дохили кишвари худ умеди зинда монданро надоштанд, аз парокандагӣ раҳонида, сулҳ оварда, гурезаҳоро ба ватан баргардонида, иқтисодиётро аз вартаи бӯҳронӣ раҳонида, Тоҷикистони азизро дар арзаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати воҳид, сулҳпарвар, осоишта ва ташаббускор муаррифӣ намуданд.

Таылили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи барҷастаи қадршиносии шахсияти таърихӣ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти  кишварамон  Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон ҳамчун сарвари наҷотбахши миллат ва  шахсияти таърихӣ махсуб меёбад.

Дар идомаи чорабинӣ Ормониён Бузургмеҳр — мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ ба сухан баромада, хизматҳои бесобиқаи шахсияти нотакрори таърихӣ — Пешвои муаззами миллатро дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро таъкид кард.

Дар охири чорабинӣ сардори Хадамот иброз доштанд, ки дар ҷавоб ба хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, моро мебояд аз пештара дида, бештар дар раванди рушду нумӯи Тоҷикистонамон ҳиссагузор бошем.

Матни маърӯзаи сардори Хадамот дар поён оварда мешавад.

 

ПИНДОРУ ГУФТОРИ НЕК ВА КОРУ ПАЙКОРИ НЕКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад,

сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар

соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 Имрӯз, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар як муҳити сулҳу амонӣ, амну осоиш зиндагӣ дораду кишвари азизаш дар раванди рушди устувор қадам мегузорад, дар остонаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кас бо шукрона аз чунин муҳити созгор ва фараҳафзо беихтиёр аз хештан мепурсад: «Агар дар он даврони бесарусомониҳо ва рӯзгори нобасомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст намегирифтанд, ман ба чунин рӯзгори тинҷу осуда мерасидам?» ва дар ҷавоби суоли хеш мегуфт: «Не, ҳаргиз намерасидам»

Воқеан ҳам, имрӯз аксари кулли шаҳрвандони кишвар аз он шукрона мекунанд, ки  интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба ҳайси  Президенти мамлакат маҳз дар он айёми гирудорҳо ва  раванди аз ҳам ҷудошавии минтақаҳои кишвари азизамон иттифоқ афтода буд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тариқи райпурсӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсеро Сарвари давлати хеш интихоб намуданд, ки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва дидгоҳи миллӣ дорад, посдорӣ аз арзишҳои миллӣ ва мероси бостонии миллатро ба муқаддасоти давлатӣ маҳсуб медонад, аз масоили сиёсию геополитикии минтақаю ҷаҳон огоҳии  комил дошта, ҳушёрию зиракии сиёсиро василаи муҳими рушду тавсеаи миллию давлатӣ меҳисобад, мақоми ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ устувор мегардонад, хирадманду раиятпарвар, дорои иродаи қавии сиёсӣ, ғурури баланди миллӣ,  истеъдоди худодод, муҳаббати беназир ба халқу Ватани худ мебошад.

Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ инҷониб Пешвои миллат «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро  ҳамчун зербинои фаъолияти худ қарор дода, бо назардошти талаботҳои маънавию мафкуравӣ ва  иҷтимоию иқтисодии аҳли ҷомеа раванди сарварии давлатро пеш мебаранд.

Ҳамбастагии пиндору гуфтор ва рафтори неку созанда яке аз омилҳои сарҷамъшавии аҳлонаи хурду бузурги миллати тоҷик дар атрофи Сарвари давлат гардид.

Пешвои миллат суботкорона ҳар як қавли дар назди шаҳрвандони кишвар додаашонро софдилона иҷро кардаанд ва иҷро мекунанд. Дар он айёми даргириҳои шадиди ибтидои солҳои навадуми қарни сипаригардидаи бистум ба таъмин намудани сулҳ муваффақ гардиданд, тамоми гурезагонро баргардониданд ва якҷоя бо халқ ба раванди ободкунии Ватан оғоз бахшиданд. Раванди мазкур бо истифода аз неруи созанда ва ободгари кулли шаҳрвандони кишвар то имрӯзҳо бо суръат ва сифати баланд идома дорад.

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат  миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли заволёбии давлатдории Сомониён дигарбора соҳиби давлати хеш гардид.

Эътибори махсус додани Пешвои миллат ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик,  эҳёи суннатҳои шоистаи тоҷикон, интихоби роҳи дурусти рушди миллӣ, густариши муносибатҳои неку дӯстона бо кишварҳои гуногун, муаррифии симои фарҳангии кишварамон ба ҷаҳониён тадбирҳое мебошанд, ки бо неруи хиради Сарвари давлат татбиқ гардидаанд.

Маҳз дар заминаи сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат аҳли меҳнати ҷумҳурӣ дар ҷодаи  расидан ба  чор ҳадафи стратегӣ:

— таъмини истиқлоли энергетикӣ;

— раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;

— ҳифзи амнияти озуқаворӣ;

— саноатикунонии босуръат саъю талош меварзад.

Бояд эътироф намуд, ки муваффақиятҳои дар ин самтҳо бадастомада ва татбиқи дигар ормонҳои миллӣ ба корномаҳои беназири Пешвои миллат вобастагӣ доранд ва ин воқеиятро мардуми сарбаланди тоҷик эътироф мекунад.

Дар ин радиф, набояд аз мадди назар хизматҳои Пешвои миллатро дар раванди муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён аз мадди назар дур сохт. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф кардаанд, ҷумҳурӣ бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст. Кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Теъдоди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа таъсис ёфтаанд, дар айни замон 39 ададро ташкил медиҳад. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлоамон, шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

Қадру манзалати Пешвои миллат ва обрӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳои наҷиб аз ҷониби Сарвари кишвар ба таври хеле назаррас баланд гардид. Бо дохил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо раванди ворид гардидани Тоҷикистон ба ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом ёфт. Ҷумҳурии мо ба ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ шомил шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ҳайси шахсияти ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.

Воқеан ҳам, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи байналмилалӣ ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, давлату миллат ба сарвари эътирофгардидаи умумимиллӣ ва ҷаҳонӣ ниёз доранд.

Пешвои миллат ҳамчун шахсияти ҷаҳонӣ имрӯзу оянда кафили иттиҳод, якпорчагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва вазъи мураккаби байналмилалӣ мебошанд.

Дар симои Пешвои миллат шахсияте вориди арсаи сиёсат ворид шуданд, ки самти ҳаракати таърихи ҷумҳуриро ба роҳи дуруст равона созанд.

Аз ин лиҳоз, нақши Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузории давлати навини тоҷикон ва тақвиятбахши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навтарин басе муассир маҳсуб меёбад.

Ба қадри Истиқлолияти давлатӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқамонро ҳифз намудан, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллатро сидқан ҷонибдорӣ намудан ва саҳми арзанда гузоштан дар ҷодаи рушди иқтисодии давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои Шумо шодбош мегуям ва ба  раҳбари хирадманду раиятпарварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шабу рӯз баҳри таъмини рӯзгори осудаи мардуми ҷумҳурӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мову Шумо  ҷаҳду талош меварзанд, сидқан умри дарози бобаракат, тансиҳатӣ ва муваффақияту комёбиҳо таманно менамоям.

1

4

5

2

3

 

Яндекс.Метрика