Муқовимат ба коррупсия-вазифаи ҳар яки мост.

14 марти соли 2022, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия”, таҳти роҳбарии  Сардори Хадамоти назорати давлатӣ  дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзодазода Д.Ҳ. вохӯрии  намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо   кормандон Хадамот баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоишҳои мазкур пешгирӣ намудан аз паёмадҳои номатлуби зуҳуроти рӯз, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта ва амалҳои ба ин монанд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паст кардани шиддати коррупсия ва ба ин васила баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мубориза бо амалҳои хислати коррупсионидошта ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз ҳар нафар шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар масъулияти зиёдро талаб менамояд.

Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар кадоми моро зарур аст, ки доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба чунин амалҳои номатлуб тадбирҳои назаррас андешем.

Ҳамкориҳо дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ минбаъд низ аз ҷониби Хадамоти назорати  давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолтар гардонида шуда, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандон пайваста ва муассир ба роҳ монда мешаванд.

       Хадамоти назорати  давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                           муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика