Дафтарчаи меҳнатӣ-ҳуҷҷатест, ки собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамояд.

Ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аризаи шаҳрванд Хоҷаева З. С. оид ба ҳолатҳои аз кор озод накардан ва сари вақт надодани дафтарчаи меҳнатӣ ворид гардид.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва тибқи фармоиши Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҷониби мутахассиси Хадамот дар Ҷамъияти номбурда ҷиҳати баррасии аризаи шаҳрванд санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида шуд.

Зимни санҷиш ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида муайян карда шуд, ки шаҳрванд бо фармони Директори ҷамъият аз 2 марти соли 2020, №06 ба вазифаи маъмур бо шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян ба кор қабул шудааст. Илова бар ин, тибқи фармони №23 аз 2 апрели соли 2020 вазифа ва уҳдадориҳои бойгонӣ бо ҷудо намудани музди иловагӣ ба зиммааш вогузор карда шудааст.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида муайян гардид, ки ваҷҳҳои дар ариза овардаи шаҳрванд асоси воқеии худро пайдо намуданд. Яъне шаҳрванд аз 16 марти соли 2021 ба унвони иҷрокунандаи вазифаи Директори ҷамъият ариза оиди бо хоҳиши худ аз кор озод намуданаш, навиштааст. Аммо аз ҷониби  иҷрокунандаи вазифаи Директори ҷамъият ба аризаи шаҳрванд раводид (виза) гузошта шудааст, ки баъди пурра супоридани бойгонӣ.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2.7 Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии ҷамъият, корманд ҳуқуқ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро, ки ба мӯҳлати номуайян баста шудааст, бекор кунад. Тибқи қисми 2 моддаи мазкур ва банди 2.8 Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии ҷамъият баъд аз гузаштани мӯҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро фавран тибқи қисми 5 моддаи 52 Кодекси мазкур супорида, бо ӯ ҳисобӣ кунад.

Санҷиш муайян намуд, ки корфармо то давраи санҷиш шаҳрвандро аз кор озод накардааст. Инчунин, вазифаи маъмурро ба шаҳрванд Нуров Ҳ. вогузор намудааст.

Тибқи гуфтаҳои боло корфарморо зарур аст, ки шартномаи меҳнатии шаҳрвандро бекор намуда, дафтарчаи меҳнатиашро супорида, бо ӯ ҳисобӣ намояд.

Дар асосӣ қисми 5 моддаи 52 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кашолкорӣ намудан аз супоридани дафтарчаи меҳнатӣ ба шаҳрванд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна ҳисобӣ ва пардохт карда мешавад.

Таҳлили пардохти музди миёнаи меҳнат то давраи санҷиш.

32130,69 сомонӣ / 10 моҳи пурраи корӣ=3213,07 сомонӣ

3213,07 сомонӣ / 30,4 =105,69 сомонӣ барои як рӯзи корӣ

105,69 сомонӣ * 14 рӯзи кашолкорӣ=1479,7 сомонӣ

Дар маҷмӯъ  ба шаҳрванд дар ҳаҷми 1479,7 сомонӣ зиёни моддӣ расонида шудааст, ки зиёни расонидашуда, тибқи талаботи моддаи 185 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шаҳрванд баргардонида, пардохт карда шуд.

 

Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират

ва шуғли аҳолӣ

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика