Фаъолияти нӯҳмоҳаи бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ

 

Бахши Хадамот дар ВМКБ дар нӯҳ моҳи сипаришуда 82 адад санҷишҳои нақшавӣ ва ғайри нақшавиро гузаронда буд, ки аз ин теъдод 50 адад санҷиши нақшавӣ ва 32 адад санҷиши ғайринақшавӣ мебошанд. Ҳангоми гузаронидани ин санҷишҳо 187 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд, ки 94 адад оид ба масъалаи меҳнат, 55 адад оиди ташхиси шароити меҳнат ва 38 адад оид ба масъалаи шуғли аҳолӣ мебошанд.

Боиси зикр аст, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 173,8 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд, ки аз ин теъдод 8.1 ҳазор сомонӣ музди меҳнати пардохтнашуда, 95 ҳазор сомонӣ музди меҳнти аз омори расмӣ пинҳоншуда ба кормандон, 58,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ (1%) ва андози иҷтимоӣ (25%), ки ки бо дахолати бахши Хадамот ба буҷети давлатӣ пардохт шудаанд. Маблағҳои кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо ба кормандон ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ 11.1 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуда, бо талаботи бахши Хадамот ба мизоҷон пардохт карда шуданд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо прокуратураи вилоятӣ ва ноҳияҳои вилоят нисбати 20 нафар роҳбарони корхонаҳо барои риоя накардани талаботи Кодекси меҳнат бо моддаҳои 94, 134, 135 Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 23,960 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.

 

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика